Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Яке муҳри пирӯза, «Рустам» бар ӯй
Ба оҳан навишта ба кирдори мӯй,
Чу бори дарахти вафоро бидид,
Бидонист, к-омад ғамашро калид,
Бихандид, хандидани шоҳвор,
Ки овози ӯ омад аз чоҳсор!
Манижа, чу бишнид хандиданаш
Аз он чоҳи торику баста танаш,
Шигифт омадаш, достоне бизад,
Ки девона хандад зи кирдори худ!
Манижа аҷаб монд аз он кори сахт,
Бигуфт: «Ин чи ханда-ст, эй некбахт?
Чи гуна кушодӣ ба ханда ду лаб,
Ки шаб рӯз бинӣ ҳаме, рӯз шаб.
Чи роз аст, пеш ору бо ман бигӯй,
Магар бахти некат намудаст рӯй?»
Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Ин кори сахт
Ба уммеди онам, ки бикшод бахт!
Кунун гар вафои маро нашканӣ,
Ба савганд бо ман ту паймон кунӣ,
Бигӯям туро сарбасар достон,
Чу бошӣ ба савганд ҳамдостон,
Ки гар лаб бидӯзӣ зи баҳри газанд,
Занонро забон ҳам намонад ба банд!»
Манижа, чу бишнид, нолид сахт,
Ки «Бар ман чи омад зи бадхоҳ бахт?
Дареғ он ҳама рӯзгорони ман,
Дили хаставу чашми гирёни ман,
Бидодам ба Бежан дилу хонумон,
Кунун гашт бар ман чунин бадгумон!
Падар гашта безору хешон зи ман,
Бараҳна давон бар сари анҷуман,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо