Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамон ганҷу динору тоҷу гуҳар
Ба тороҷ додам ҳама сарбасар,

Аз уммеди Бежан, шудам ноумед,
Ҷаҳонам сиёҳу ду дида сапед.

Бипӯшад ҳаме роҳ бар ман чунин,
Ту огаҳтарӣ, эй ҷаҳонофарин!»

Бад-ӯ гуфт Бежан: «Ҳама рост аст,
Зи ман кори ту пок баркостаст».

Чунин гуфт, к-«Акнун бибоист гуфт,
Аё меҳрубон ёру ҳушёр ҷуфт,

Сазад, гар ба ҳар кор пандам диҳӣ,
Ки мағзам ба ранҷ-андарун шуд тиҳӣ!

Ту бишнос, к-он марди гавҳарфурӯш,
Ки холигараш мар-туро дод нӯш,

Зи баҳри ман омад ба Тӯрон фароз,
Вагарна ба гавҳар набудаш ниёз!

Бибахшуд бар ман ҷаҳонофарин,
Бибинам магар паҳн рӯи замин,

Раҳонад маро з-ин ғамони дароз,
Туро з-ин такопӯи гарму гудоз!

Ба наздики ӯ рав, бигӯяш ниҳон,
Ки «Эй паҳлавони кайони ҷаҳон,

Ба дил меҳрубону ба тан чораҷӯй,
Агар ту худованди Рахшӣ, бигӯй!»

Биомад ба пешаш ба кирдори бод
Манижа, ба Рустам паёмаш бидод.

Чу бишнид гуфтори он хубрӯй,
К-аз он роҳи дур омадаш чораҷӯй,

Бидонист Рустам, ки Бежан сухун
Кушодаст бар гулрухи сарвбун.

Бибахшуду гуфташ, ки «Эй хубчеҳр,
Ки Эзад туро з-ӯ мабуррод меҳр,

пешина
аз 345
навбатӣ