Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

ОГОҲӢ ЁФТАНИ БЕЖАН
АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ
Манижа биомад бад-он чоҳсар
Давону хуришҳо гирифта ба бар,
12
Нивишта ба дастор чизе, ки бурд,
Чунон ҳам нивишта ба Бежан супурд.
Нигаҳ кард Бежан, ба хира бимонд,
Аз он чоҳ хуршедрухро бихонд,
Ки «Эй меҳрубон, аз куҷо ёфтӣ
Хуришҳо, к-аз ин гуна биштофтӣ?
Басо ранҷу сахтӣ, к-ат омад ба рӯй,
Зи баҳри ман, эй меҳрубон чораҷӯй!»
Манижа бад-ӯ гуфт, к-«Аз корвон
Яке номвар марди бозоргон
Аз Эрон ба Тӯрон зи баҳри дирам
Кашида зи ҳар гуна бисёру кам,
Яке марди покиза, бо ҳушу фар,
Зи ҳар гуна бо ӯ фаровон гуҳар,
3
Ҳамаш дастгоҳ асту ҳам дил фарох,
Яке кулба созида дар пеши кох,
Маро дод аз ин гуна дасторхон,
Ки бар ман ҷаҳонофаринро бихон,
Бад-он чоҳ, наздики он баста рав,
Дигар гар бихоҳад, бибар нав ба нав!»
Бигустурд Бежан пас он нони пок,
Пуруммед дил, гоҳ бо тарсу бок.
Чу дасти хуриш бурд аз он доварӣ,
Бидид он ниҳонкарда ангуштарӣ,
Нигинаш нигаҳ карду номаш бихонд,
Зи шодӣ бихандиду хира бимонд,
1
Нивишта – печида, печонида.
Дастор – дар ин ҷо ба маънии дасторхон, дастархон.
Ҳамаш – ҳам ӯро; ӯро ҳам…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо