Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки бечора Бежан дар он жарфчоҳ
Набинад шабу рӯз Хуршеду Моҳ,

1
Ба ғуллу ба мисмору банди гарон
Ҳаме марг хоҳад зи Яздон бар он?

Маро дард бар дард бифзуд аз он,
Нам аз дидагонам биполуд аз он!

Кунун гар-т бошад ба Эрон гузар,
Зи Гударзи Кашвод ёбӣ хабар,

Ба даргоҳи Хусрав магар Гевро
Бибинӣ ва ё Рустами невро,

Бигӯӣ, ки Бежан ба банд-андар аст,
Зи бас ғам ба биму газанд-андар аст.

Чу хоҳӣ, ки бинӣ, маосой дер,
Куҷо бар сараш сангу оҳан ба зер!»

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй хубчеҳр,
Чаро резӣ аз дидагон оби меҳр?

2
Чаро назди боби ту хоҳишгарон
Наангезӣ аз ҳар суе меҳтарон?

Магар бар ту бахшоиш орад падар,
Биҷӯшад-ш хуну бисӯзад ҷигар!

Гар озарми бобат набудӣ зи пеш,
Туро додаме чиз аз андоза беш».

3
Ба холигарон гуфт: «Ҳар гун хуриш,
Ки ӯро бибояд, биовар бараш!»

Яке мурғи бирён бифармуд гарм,
Бипечид бар гирди он нони нарм,

Сабук дасти Рустам ба сони парӣ
Ниҳон кард дар мурғ ангуштарӣ,

Бад-ӯ доду гуфто: «Бад-он чоҳ бар,
Ки бечорагонро туӣ роҳбар!»

1
Ғулл (ғул) – занҷир, тавқи оҳанин, ки бар гардани зиндониён мезаданд.
Боб – дар ин ҷо ба маънии падар.
Ҳар гун – ҳар гуна, гуногун.

пешина
аз 345
навбатӣ