Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаме баршикастӣ ту бозори ман,
Аз ин рӯй буд бо ту пайкори ман!

Бад-ин тундӣ аз ман маёзор беш,
Ки дил баста будам ба бозори хеш

Ва дигар ба ҷое, ки Кайхусрав аст,
Бад-он шаҳр ман худ надорам нишаст,

Надонам зи бун Геву Гударзро,
На ҳаргиз бипаймудам он марзро!»

Бифармуд, то хӯрданӣ ҳар чи буд,
Ниҳоданд дар пеши дарвеш зуд,

Якояк сухан кард аз ӯ хостор,
Ки «Бо ту чаро шуд дижам рӯзгор,

Чи пурсӣ аз Эрону аз тахти шоҳ,
Чи дорӣ ҳаме роҳи Эрон нигоҳ?»

Манижа бад-ӯ гуфт, к-«Аз кори ман
Чи пурсӣ, зи ранҷу зи тимори ман?

1
Аз он чоҳсар бо дили пур зи дард
Давидам ба назди ту, эй родмард,

Ки аз ту бипурсам яке нав хабар
Зи Геву зи Гударзи пархошвар.²

Задӣ бонг бар ман чу ҷанговарон,
Натарсӣ ту аз довари доварон?

Манижа манам – духти Афросиёб,
Бараҳна надида танам офтоб,

Кунун дида пурхуну дил пур зи дард,
Аз ин дар бад-он дар ва рухсор зард.

Ҳаме нони кашкин фароз оварам,
Чунин ронд Эзад қазо бар сарам,

Зи баҳри яке Бежани шӯрбахт
Фитодам зи тоҷу фитодам зи тахт!

Аз ин зортар чун бувад рӯзгор,
Сар орад магар бар ман ин Кирдгор,

Чоҳсар – сари чоҳ. Дар шакли чоҳсор – ҷое, ки чоҳҳо зиёданд.
Пархошвар – ситезакор, ҷангҷӯ.

пешина
аз 345
навбатӣ