Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чи огоҳӣ астат зи гурдони шоҳ,
Зи Геву зи Гударзу Эронсипоҳ?
Наомад зи Бежан ба Эрон хабар?
Ниёяш нахоҳад будан чорагар,
Ки чун ин ҷавоне зи гударзиён
Ҳаме бигсалонад зи оҳан миён,
Бисудаст пояш ба банди гарон,
Ду дасташ – ба мисмори оҳангарон,
Кашида ба занҷиру баста ба банд,
Ҳама ҷома пурхун, аз он мустаманд.
Наёбам зи тимори ӯ ҳеҷ хоб,
Зи нолидани ӯ ду чашмам пуроб.
Ту бо фарраҳӣ, гар ба Эрон шавӣ,
Бад-он кишвари номдорон шавӣ,
Ба даргоҳи Хусрав магар Гевро
Бибинӣ ва ё Рустами невро,
Бигӯӣ, ки Бежан ба банд-андар аст
В-агар дер монӣ, шавад кор паст!»
Битарсид Рустам зи гуфтори ӯй,
Яке бонг барзад, бирондаш зи рӯй,
Бад-ӯ гуфт, к-«Аз пеши ман дур шав,
На Хусрав шиносам, на солори нав!
Надорам зи Гударзу Гев огаҳӣ,
Ки мағзам зи гуфтор кардӣ тиҳӣ!»
Ба Рустам нигаҳ карду бигрист зор,
Зи хорӣ биборид хун бар канор,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари пурхирад,
Зи ту сард гуфтан на андархурад,
Сухан гар нагӯӣ, маронам зи пеш,
Ки ман худ диле дорам аз дард реш.
Чунин бошад оини Эрон магар,
Ки дарвешро кас нагӯяд хабар?!»
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй зан, чи буд,
Магар, к-Аҳриман растахезат намуд?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо