Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба пирӯз бахти ту, эй паҳлавон,
Ҳам он ҷо, ки бошем, бо корвон!»
Бад-ӯ гуфт: «Рав, б-орзӯ гир ҷой,
Кунам посбонон ба пешат ба пой!»
Яке хона бигзид, барсохт кор,
Ба кулба-дарун рахт бинҳоду бор.
Хабар шуд, к-аз Эрон яке корвон
Биомад бари номвар паҳлавон,
Зи ҳар сӯ харидор бинҳод гӯш,
Чу огоҳӣ омад зи гавҳарфурӯш,
Харидори дебову фаршу гуҳар
Ба даргоҳи Пирон ниҳоданд сар,
Чу хуршед гетӣ биоростӣ,
Бад-он кулба бозор бархостӣ.
Баромад бар ин рӯзгоре чунин,
Ки Рустам бимонда ба Тӯронзамин.
ОМАДАНИ МАНИЖА БА ПЕШИ РУСТАМ
Манижа хабар ёфт аз корвон,
Якояк ба шаҳр-андар омад давон.
Бараҳнасар он духти Афросиёб
Бари Рустам омад, ду дида пуроб,
Ҳаме б-остин хуни мижгон бируфт,
Бар ӯ офарин карду пурсиду гуфт,
Ки «Бархурдӣ аз ҷону аз ганҷи хеш,
Мабодат пушаймонӣ аз ранҷи хеш.
Ба коми ту бодо сипеҳри баланд,
Зи чашми бадонат мабодо газанд!
Бауммед дилро, ки бастӣ миён,
Зи ранҷе, ки бурдӣ, мабодат зиён!
Ҳамеша хирад бодат омӯзгор,
Хунук бод Эрону хуш рӯзгор!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо