Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба бозоргонӣ аз Эрон ба Тӯр
Бипаймудам ин роҳи душвори дур,

Фурӯшандаам, ҳам харидор низ,
Фурӯшам, бихаррам зи ҳар гуна чиз.

Ба меҳри ту дорад равонам навид,
Чунин чира шуд бар дилам-бар умед,

Агар паҳлавон гирадам зери пар,
Харам чорпову фурӯшам гуҳар,

Ҳам аз доди ту кас наозорадам,
Ҳам аз абри меҳрат гуҳар борадам!»

Пас он ҷоми пургавҳари шоҳвор
Миёни меҳон кард пешаш нисор,

Гаронмоя аспони тозинажод,
Ки бар мӯяшон гард наншонд бод,

Басе офарин карду он хоста,
Бад-ӯ доду шуд кор пероста.

Чу Пирон бар он гавҳарон бингарид,
К-аз он ҷоми рахшанда омад падид,

Бар ӯ офарин карду бинвохташ,
Бари тахти пирӯза биншохташ,

Ки «Рав, шоду эмин ба шаҳр андарой,
Ки мо назди хешат бисозем ҷой.

Аз ин хоста бо ту тимор нест,
Касеро бад-ин бо ту пайкор нест.

Бирав, ҳар чи дорӣ баҳоӣ, биёр,
Харидор кун ҳар суе хостор.

Фуруд ой дар хони фарзанди ман,
Чунон бош бо ман чу пайванди ман».

Чунин гуфт Рустам, ки «Эй паҳлавон,
Ҳам эдар бибошем бо корвон,

Ҳама хоста сарбасар мар-турост,
Ба ҳар ҷо, ки бошем аз ин пас, равост,

Ки бо ман зи ҳар гуна гавҳар бувад,
Набояд, к-аз он гавҳаре кам шавад,

пешина
аз 345
навбатӣ