Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба нерӯи Яздону фармони шоҳ
Барорам ман ӯро зи торик чоҳ!»…

ОМАДАНИ РУСТАМ НАЗДИ ХУСРАВ

Бифармуд Рустам, ки «Бандед бор,
Суи шаҳри Эрон бисечед кор!»

Бифармуд, то Рахшро зин кунанд,
1
Саворон бурӯҳо пур аз чин кунанд,

Биомад, ба Рахш-андар овард пой,
Камар басту пӯшид румиқабой,

Ба зин-андар афканд гурзи ниё,
Пур аз ҷанг сар, дил пур аз кимиё.

Ба гардун барафрохта гӯш Рахш,
Зи хуршед бартар сари тоҷбахш.

Чи аз бурданӣ буд, бардоштанд,
Ба Зобул Фаромарз бигзоштанд.

Худу Гев бо зобулӣ сад ҳазор
Зи лашкар гузид аз дари корзор,

Суи шаҳри Эрон ниҳоданд рӯй,
Ҳама роҳпӯёну дил кинаҷӯй…

Чу омад бари шоҳи кеҳтарнавоз,
Навон пеши ӯ рафту бурдаш намоз,

Ситоишкунон пеши Хусрав расид,
Ки меҳру ситоиш мар-ӯро сазид.

Баровард сар в-офарин карду гуфт,
2
Ки «Бодӣ ҳамасола бо тахт ҷуфт,

Ки Ҳурмузд бодат бар ин пойгоҳ,
Чу Баҳман нигаҳдори тахту кулоҳ!

3
Ҳамасола Урдибиҳишти ҳужир
Нигаҳдори ту боду Баҳрому Тир!

1
Бурӯ – абрӯ.
Бодӣ – бошӣ.
Ҳужир (ҳажир) – хуб, дилкаш.

пешина
аз 345
навбатӣ