Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи Бежан шабу рӯз чун беҳушон
Ба гетӣ биҷустам зи ҳар кас нишон.

Кунун шоҳ дар ҷоми гетинамой
Ба пеши ҷаҳонофарин шуд ба пой,

Чи моя хурӯшиду кард офарин
Ба ҷашни кайон Ҳурмузи фарвадин,

Пас омад зи оташкада сӯи гоҳ,
Камар басту бинҳод бар сар кулоҳ,

Ҳамон ҷоми рахшанда бинҳод пеш,
Ба ҳар сӯ нигаҳ кард аз андоза беш,

Ба Тӯрон нишон дод аз ӯ шаҳриёр
Ба банди гарону ба бад рӯзгор.

Чу дар ҷоми Кайхусрав эдун намуд,
Суи паҳлавонам давонид зуд.

Кунун омадам бо дили пурумед,
Ду рухсора зарду ду дида сапед,

Туро дидам андар ҷаҳон чорагар,
Ту бандӣ ба фарёди ҳар кас камар!»

Ҳаме гуфту мижгон пур аз оби зард,
Ҳаме баркашид аз ҷигар боди сард

В-аз он пас, ки нома ба Рустам бидод,
Ҳама кори Гургин бад-ӯ кард ёд,

Пас аз баҳри Бежан хурӯшид зор,
Фурӯ рехт аз дида хун бар канор,

Ки хешон буданд аз гаҳи дер боз,
Зани Гев буд духтари сарфароз,

Ҳамон пилтан хоҳари Гев дошт,
Фаромарзи ял з-он зани нев дошт,

Ҳамон Бежан аз духтари пилтан,
Гаве буд сарафроз дар анҷуман.

Ба Гев он гаҳе гуфт: «Мандеш з-ин,
Ки Рустам нагардонад аз Рахш зин,

Магар дасти Бежан гирифта ба даст,
Ҳама банду зиндони ӯ карда паст,

пешина
аз 345
навбатӣ