Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи Шаҳрир бодӣ ту пирӯзгар,
Ба номи бузургиву фарру ҳунар!
Сипандормуз посбони ту бод,
Хирад ҷону равшан равони ту бод!
Дайу Фарвадинат хуҷаста бувад,
Дари ҳар бадӣ бар ту баста бувад!
Аз Озар-т рахшанда шаб ҳамчу рӯз,
Ту шодону тоҷи ту гетифурӯз!
В-аз Обон-т ҳам кор фархунда бод,
Сипеҳри равон пеши ту банда бод!
Тани чорпоён-т Мурдод бод,
Ҳамеша тану бахти ту шод бод!
Туро бод фаррух ниёву нажод,
Зи Хурдод бодо бару бум шод!»
Чу ин офарин кард Рустам бапой,
Шаҳаншаҳ бидодаш бари хеш ҷой,
Бад-ӯ гуфт Хусрав: «Дуруст омадӣ,
Ки аз ҷони ту дур бодо бадӣ!
Туӣ паҳлавони кайони ҷаҳон,
Ниҳон ошкор, ошкорат ниҳон.
Гузини кайониву пушти сипоҳ,
Нигаҳдори Эрону тахту кулоҳ.
Маро шод кардӣ ба дидори хеш,
Бад-ин пурсиши хубу гуфтори хеш.
Завора, Фаромарз, Дастони Сом
Дурустанду хуррамдилу шодком?»
Фурӯ рафт Рустам, бибӯсид тахт,
Ки «Эй пурҳунар шоҳи бедорбахт,
Ба бахти ту ҳар се дурустанду шод,
Анӯша касе, к-аш кунад шоҳ ёд!».
Ба солори навбат бифармуд шоҳ,
Ки «Гударзу Тӯсу гавонро бихоҳ,
Шаҳрир – кӯтоҳи шаҳривар, моҳи ҳаштуми соли шамсӣ, 21 август-21 сентябр.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо