Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бад-он чоҳ баста ба банди гарон,
Зи сахтӣ ҳаме марг ҷуст андар он.
Яке духтаре аз нажоди кайон
Зи баҳри заворӣ-ш баста миён.
Суи Гев кард он гаҳе рӯй шоҳ,
Бихандиду рахшанда шуд пешгоҳ,
Ки «Зинда-ст Бежан, ту дил шод дор,
Зи ҳар бад тани меҳтар озод дор!
Магар ғам надорӣ ба зиндону банд,
Аз он пас, ки бар ҷон-ш н-омад газанд,
Ки Бежан ба Тӯрон ба банд-андар аст,
Завораш яке номвар духтар аст,
Зи бас ранҷу сахтиву тимори ӯй
Пур аз дард гаштам ман аз кори ӯй
Бар он сон гузорад ҳаме рӯзгор,
Ки ҳазмонбар ӯ-бар бигиряд ба зор,
Зи пайванду хешон шуда ноумед,
Гудозону ларзон чу як шохи бед,
Ду чашмаш пур аз хуну дил пур зи дард,
Забонаш зи хешон пур аз ёдкард.
Чу абри баҳорон ба борандагӣ
Ҳаме марг ҷӯяд бар-он зиндагӣ.
Бар ин чора акнун кӣ ҷунбад зи ҷой?
Кӣ хезад миёнбаста инро ба пой?
Кӣ хоҳад шудан дар дами аждаҳо?
Кӣ орад мар-ӯро зи сахтӣ раҳо?
Нашояд ба ҷуз Рустами тезчанг,
Ки аз жарфдарё барорад наҳанг!
Камар банду баркаш суи Нимрӯз,
Шаб аз рафтани раҳ маосою рӯз,
Бибар номаи ман бари Рустамо,
Мазан достонро ба раҳ-бар дамо.
Бихонам в-аз ин кораш огаҳ кунам,
Ғамон бар ту, эй Гев, кӯтаҳ кунам!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо