Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Биҷусташ фаровон ба гирди ҷаҳон,
Ки ёбад магар з-ӯ ба ҷое нишон,
Ҳама шаҳри Эрону Тӯрон ба пой
Сипарданду н-омад нишонаш ба ҷой.
ДИДАНИ КАЙХУСРАВ БЕЖАНРО
ДАР ҶОМИ ГЕТИНАМОЙ
Чу Наврӯзи хуррам фароз омадаш,
Бад-он ҷоми фаррух ниёз омадаш,
Биомад пуруммеди дил паҳлавон,
Зи ранҷи писар кӯж гашта навон.
Чу Хусрав рухи Гев пажмурда дид,
Дилашро ба дард-андар озурда дид,
Биомад, бипӯшид румиқабой,
Бад-он то бувад пеши Яздон ба пой.
Зи фарёдрас зӯру фарёд хост
В-аз Аҳримани бадкуниш дод хост.
Хиромон аз он ҷо биомад ба гоҳ,
Ба сар барниҳод он кайонӣ кулоҳ.
Пас он ҷом бар каф ниҳоду бидид,
Дар ӯ ҳафт кишвар ҳаме бингарид.
Зи кору нишони сипеҳри баланд
Ҳама кард пайдо чиву чуну чанд.
Зи моҳӣ ба ҷом-андарун то бара
Нигорида пайкар бад-ӯ яксара.
Чи Кайвон, чи Ҳурмуз, чи Баҳрому Шер,
Чи Меҳру чи Моҳу чи Ноҳиду Тир,
Ҳама буданиҳо бад-ӯ андаро
Бидидӣ ҷаҳондори афсунгаро.
Ба ҳар ҳафт кишвар ҳаме бингарид,
Ки ояд зи Бежан нишоне падид.
Суи кишвари Гургсорон расид,
Ба фармони Яздон мар-ӯро бидид,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо