Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман акнун зи ҳар сӯ фаровон савор
Фиристам ҳама дархури корзор,

Зи Бежан магар огаҳӣ ёбамо,
Бад-ин кор ҳушёр биштобамо

В-агар дер ёбам аз ӯ огаҳӣ,
Ту ҷои хирадро магардон тиҳӣ!

Бимон, то биояд маҳи фарвадин,
1
Ки бифрӯзад андар ҷаҳон ҳуриин,

Бад-он гаҳ, ки аз гул шавад боғ шод,
Абар сар ҳаме гул фишонад-т бод,

Замин чодари сабз дарпӯшадо,
Ҳаво бар гулон зор бихрӯшадо,

Ба Ҳурмуз шавад пок фармони мо,
Парастиш, ки фармуд Яздони мо,

Бихоҳам ман он ҷоми гетинамой,
Шавам пеши Яздон, бибошам ба пой,

Куҷо ҳафт кишвар бад-ӯ-андаро
Бибинам бару буми ҳар кишваро,

Кунам офарин бар ниёгони хеш,
Гузида бузургону покони хеш,

Бигӯям туро, ҳар куҷо Бежан аст,
Ба ҷом-андарун ин сухан равшан аст!»

Чу бишнид Гев ин сухан, шод шуд,
Зи тимори Бежан дил озод шуд.

Бихандиду бар шоҳ кард офарин,
Ки «Бе ту мабодо кулоҳу нигин!

Ба коми ту бодо сипеҳри баланд,
Зи чашми бадонат мабодо газанд!

Ба коми ту бодо ҳама кори ту,
Худованди гетӣ нигаҳдори ту!»

Чу Гев аз дари гоҳи Хусрав бирафт,
Ба ҳар сӯ саворон фиристоду тафт

Ҳурулъин, ҳурӣ, ҳур – занони сафедпӯсти шаҳлочашм; дар ин ҷо ба маънии офтоб.

пешина
аз 345
навбатӣ