Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сари душманони ту бодо ба гоз
Бурида чунон, к-он сарони гуроз!»

Ба дандонҳо чун нигаҳ кард шоҳ,
Бипурсиду гуфташ, ки «Чун буд роҳ?

Куҷо монд аз ту ҷудо Бежано,
Бад-ӯ-бар чи бад сохт Аҳримано?

Чи афтод, к-аз ту бимонд ӯ ҷудо,
Ба мо рост гӯй, ар нахоҳӣ бало!»

Чу Хусрав чунин гуфт, Гургин ба пой
Фурӯ монда хира, ҳам эдун ба ҷой,

Забон пур зи ёва, равон пургуноҳ,
Рухаш зарду ларзон пур аз бими шоҳ,

Сухан чанд баргуфт носозгор
Аз он бешаву гӯру он марғзор.

Чу гуфторҳо як ба дигар намонд,
Барошуфту аз пеши тахташ биронд,

Ҳамаш хирасар диду ҳам бадгумон,
Ба дашном бикшод Хусрав забон.

Бад-ӯ гуфт: «Нашнидӣ ин достон,
Ки дастонзада-ст аз гаҳи бостон,

Ки гар шер бо кини гударзиён
Бикӯшад, танашро сар ояд замон!

Агар нестӣ аз пайи номи бад
Ва ё сӯи Яздон саранҷоми бад,

Бифармудаме, то саратро зи тан
Бикандӣ ба кирдори мурғ Аҳриман!»

Бифармуд Хусрав ба пӯлодгар,
1
Ки «Банди гарон созу мисморсар!»,

Ҳам андар замон пой кардаш ба банд,
Ки аз банд гирад бадандеш панд,

Ба Гев он гаҳе гуфт: «Боз ор ҳуш,
Биҷӯяш ба ҳар ҷову ҳар сӯ бикуш!

Банди… мисморсар – банде, ки ба сараш мех дорад.

пешина
аз 345
навбатӣ