Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

НОМА НАВИШТАНИ ХУСРАВ БА РУСТАМ
Нависандаи номаро пеш хонд,
Аз ин достон чанд бо ӯ биронд.
Ба Рустам яке нома фармуд шоҳ
Навиштан зи меҳтар суи некхоҳ,
Ки «Эй паҳлавонзодаи пурҳунар,
Зи гурдони кайҳон бароварда сар,
Туӣ аз ниёгон маро ёдгор,
Ҳамеша камарбастаи корзор,
Дили шаҳриёрону пушти кайон,
Ба фарёди ҳар кас камар бар миён,
Туро дод гардан ба мардӣ паланг,
Ба дарё хурӯшон зи бимат наҳанг,
Ҷаҳонро зи девони Мозандарон
Бишустиву кандӣ бадонро сарон,
Чи моя сари тоҷдорон зи гоҳ
Рабудиву баркандӣ аз пешгоҳ,
Басо душмано, к-аз ту беҷон шуда,
Басо буму бар, к-аз ту вайрон шуда,
Сари паҳлавонони лашкарпаноҳ
Ба наздики шоҳон туро дастгоҳ.
Ҳама ҷодувонро шикастӣ ба гурз,
Биафрӯхтӣ тоҷи шоҳон ба бурз.
Чи Афросиёбу чи хоқони Чин,
Набишта ҳама номи ту бар нигин.
Ҳар он банд, к-аз дасти ту баста шуд,
Кушояндагонро ҷигар хаста шуд.
Кушояндаи банди баста туӣ,
Кайонро сипеҳри хуҷаста туӣ!
Туро Эзад ин зӯри пилон, ки дод,
Бару бозуву чангу фаррух нажод,
Бад-он дод, то дасти фарёдхоҳ Бигирӣ, барорӣ зи торик чоҳ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо