Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дареғо, ки шодон шавад душманам,
Барояд ҳама коми дил бар танам!

Дареғо ҷавонмардиву номи ман,
Дареғ он хуру хобу ороми ман.

Дареғо, ки боби ман, он паҳлавон
Бимонад зи ҳиҷрони ман нотавон.

Дареғо, ки аз ман надорад хабар,
Ки мондастам ин ҷой хастаҷигар.

Дареғо, надорад падар огаҳӣ,
Ки Бежан зи ҷон гашт хоҳад тиҳӣ.

Дареғо, ки пажмурд рухсори ман,
Чунин каж чаро гашт паргори ман?

Дареғо, ки ҳамсолу ёрони ман
Чу огаҳ шаванд аз ғами ҷони ман,

Ба дарди дил, оваҳ, ки бирён шаванд,
Чу бар ҳоли ман зор гирён шаванд.

Гар эзад ба ман-бар бибахшоядо,
Тани размҷӯям нафарсоядо.

Бибахшад ҷаҳонофарин бар танам,
Шавад зору пурхун дили душманам.

Дареғо, шаҳаншоҳу дидору Гев,
Дареғо, ки дурам зи гурдони нев.

Аё бод, бигзар ба Эронзамин,
Паёме зи ман бар ба шоҳи гузин,

Ба Гударзу Густаҳму Геви далер,
Ба Тӯсу Фарибурзу Руҳҳоми шер,

Ба гурдони Эрон расонам хабар
В-аз он ҷо ба Кобулситон-бар гузар,

Ба Рустам расон зуд аз ман хабар,
Бад-он, то бибандад ба кинам камар.

Бигӯяш, ки Бежан ба сахтӣ-дар аст,
Танаш зери чанголи шери нар аст.

Ба Гударзи Кашвод аз ман бигӯй,
Ки аз кори Гургин бишуд обрӯй,

пешина
аз 345
навбатӣ