Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Яке асп фармову гурзи гарон,
Гузин кун зи туркон ҳазорон сарон,
1
Ба овардгаҳ ман яке з-он ҳазор
Агар зинда монам, ба мардам мадор!»
Чу аз Бежан ин гуфта бишнид, чашм
Бар ӯ барфиканду баровард хашм,
Ба Гарсеваз-андар яке бингарид,
Бад-ӯ гуфт, чун ин суханҳо шунид:
2
«Набинӣ, ки ин бадкуниш римано,
Фузунӣ сиголад ҳаме бар мано!
Басанда набудаш ҳамин бад, ки кард,
Кунун разм ҷӯяд ба нангу набард!
Бибар ҳамчунин, банд бар дасту пой,
Ҳам андар замон з-ӯ бипардоз ҷой,
Бифармой доре задан пеши дар,
Ки бошад зи ҳар сӯ бар ӯ-бар гузар,
Нагунбахтро зинда бар дор кун
В-аз он низ бо мо магардон сухун.
Бад-он то зи эрониён з-ин сипас
Наорад ба Тӯрон нигаҳ кард кас!»
Кашидандаш аз пеши Афросиёб,
Дил аз дард хаста, ду дида пуроб,
Чу омад ба дар Бежани хастадил,
Зи оби мижа пой монда ба гил,
Ҳаме гуфт: «Агар бар сарам Кирдгор
Набиштаст мурдан ба бад рӯзгор,
Зи дору зи куштан натарсам ҳаме,
Зи гурдони Эрон битафсам ҳаме!
Ба пеши ниёгони хусравманиш
Пас аз марг бошад ба ман сарзаниш!
Дар чанд ҷо «гар» рафта, ки хатои яқини китобат аст.
Римано – кӯтоҳшудаи Аҳримано.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё