Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ӯ-андарун хуфта буд пайкаре,
Ниҳода ба болин-ш-бар афсаре.

Парӣ як ба як з-Аҳриман кард ёд,
Миёни саворон биомад чу бод,

Маро ногаҳон дар иморӣ нишонд,
Бар он хубчеҳра фусуне бихонд,

Ки то андар айвони Афросиёб
Нашуд ҳеч бедор чашмам зи хоб.

Гуноҳе маро андар ин буда нест,
Манижа бад-ин кор олуда нест.

Парӣ, бегумон, бахти баргашта буд,
Ки бар ман ҳаме ҷодуӣ озмуд!»

Чунин дод посух пас Афросиёб,
Ки «Рӯзи бадат кард бар ту шитоб!

Ту онӣ, к-аз Эрон ба гурзу каманд
Ҳаме разм ҷустиву номи баланд,

Кунун назди ман чун занон баста даст
Ҳаме хоб гӯӣ ба кирдори маст!

Бигуфтӣ дурӯғ, озмудам ҳаме,
Бихоҳӣ сар аз ман рабудан ҳаме?!»

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Эй шаҳриёр,
Сухан бишнав аз ман, яке ҳуш дор,

Гурозон ба дандону шерон ба чанг
Тавонанд кардан ба ҳар ҷой ҷанг.

Ялон ҳам ба шамшеру тиру камон
Тавонанд кӯшид бо бадгумон.

Яке дастбаста, бараҳнатано,
Якеро зи пӯлод пероҳано,

Чи гуна ҷаҳад шер бе чанги тез,
Агарчанд бошад дилаш пурситез?!

Агар шоҳ хоҳад, ки бинад зи ман
Далерӣ намудан бад-ин анҷуман,

пешина
аз 345
навбатӣ