Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунин аст гардандаи кӯжпушт,
Чу нармӣ намудӣ, биёбӣ дурушт,

Чунин аст ин гунбади лоҷвард,
Надонад ҳаме қадри озодмард!

Бар он сон ба наздики Афросиёб
Бибурданд, рух зарду дида пуроб.

Чунин аст гарданда кори ҷаҳон,
Ки мотам кунад сур ҳам дарзамон!

Чу омад ба наздики шоҳ-андаро
Гави дастбаста, бараҳнасаро,

Бад ӯ гуфт шоҳ: «Эй бади хирасар,
Чаро омадастӣ бад-ин буму бар?!»

Бад-ӯ офарин кард, к-«Эй шаҳриёр,
Сазад, гар кунӣ ростӣ хостор.

На ман б-орзӯ ҷустам ин пешгоҳ,
Набуд андар ин кор касро гуноҳ.

Аз Эрон ба ҷанги гуроз омадам,
Бад-ин ҷашни Тӯрон фароз омадам.

Зи баҳри яке бози гумбударо,
Барандохтам меҳану дударо!

Ба зери яке сарв рафтам ба хоб,
Ки то соя дорад маро з-офтоб,

Парие биомад, бигустурд пар,
Маро андаровард хуфта ба бар,

Зи аспам ҷудо карду шуд то ба роҳ,
Ки омад ҳаме лашкари духти шоҳ.

Саворон пароканда бар гирди дашт,
Фаровон иморӣ ба ман баргузашт.

Яке чатри тӯрӣ баромад зи дур,
Гирифта зи ҳар сӯ саворони Тӯр.

Яке нав иморӣ буд андар миён,
Кашида бар ӯ чодари парниён,

пешина
аз 345
навбатӣ