Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро дар балое фиканд ӯ, ки кас
Набинам ҳаме ҳеч фарёдрас.

Ба Гургин бигӯ, эй саги сустрой,
Чи гӯӣ ту бо ман ба дигар сарой,

Ки ман бо ту мардӣ намудам басе,
Ки ҳаргиз накардаст кас бо касе.

Мукофоти онро бадӣ сохтӣ,
Ба доми бало-андар андохтӣ.

Гумони ту ин буд, ки ман кори ту
Бигӯям ба гурдон зи кирдори ту.

Зи номардии хеш тарсидиё,
Зи ҷону равонам ту бубридиё.

Кунун Гев чун ҳоли ман бишнавад,
Ба соли дароз аз ту менагравад.

Бурида кунад номат андар ҷаҳон,
Наёранд гуфтан зи баҳрат меҳон!»

Бинолиду дилро зи ҷон баргирифт,
Сазад, гар бимонӣ бад-ин дар шигифт.

ҶОНИ БЕЖАН ХОСТАНИ
ПИРОН АЗ АФРОСИЁБ

Бибахшуд Яздон ҷавонӣ-шро,
Ҳаме баршикаст онгумонӣ-шро.

Кананда ҳаме канд ҷои дарахт,
Падид омад аз дур Пирон зи бахт.

Чу Пирони Виса бад-он ҷо расид,
Ҳама роҳ турки камарбаста дид.

Яке дор бар пой карда баланд,
Фурӯ ҳишта аз дор печон каманд.

Ба турониён гуфт, к-«Ин дор чист,
Дили шоҳи Тӯрон бар озори кист?»

Бад-ӯ гуфт Гарсеваз: «Ин Бежан аст,
Аз Эрон, куҷо шоҳро душман аст!»

пешина
аз 345
навбатӣ