Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу Заҳҳок бишнид гуфтори ӯй,
Ниҳонӣ надонист бозори ӯй,

Бад-ӯ гуфт: «Додам ман ин коми ту,
Баландӣ кунад з-ин магар номи ту!»

Бифармуд, то дев чун ҷуфти ӯ
Ҳаме бӯсае дод бар кифти ӯ.

Чу бӯсиду шуд дарзамон нопадид,
Кас андар ҷаҳон ин шигифтӣ надид:

Ду мори сияҳ аз ду кифташ бируст,
Ғамӣ гашту аз ҳар суе чора ҷуст.

Саранҷом бибрид ҳарду зи кифт,
Сазад, гар бимонӣ аз ин дар шигифт:

Чу шохи дарахт он ду мори сиёҳ
Баромад дигарбора аз кифти шоҳ!

Пизишкони фарзона гирд омаданд,
Ҳама як ба як достонҳо заданд,

Зи ҳар гуна найрангҳо сохтанд,
Мар-он дардро чора нашнохтанд.

1
Ба сони пизишке пас Иблис тафт
Ба фарзонагӣ назди Заҳҳок рафт,

Бад-ӯ гуфт, к-«Ин буданӣ кор буд,
Бимон, то чи монад, набояд дуруд!²

Хуриш созу оромашон деҳ ба хӯрд,
Наояд ҷуз ин чорае коркард,

Ба ҷуз мағзи мардум мадеҳ-шон хуриш,
Магар худ бимиранд аз ин парвариш!»

Сари наррадевон аз ин ҷустуҷӯ
Чи ҷусту чи дид андар ин гуфтугӯ,

Магар то яке чора созад ниҳон,
Ки пардахта монад зи мардум ҷаҳон.³

1
Тафт – тундутез, шитобон.
Яъне, бимон, ки бошанд, мадаравашон, сар мазанашон!
Пардахта – холӣ, тиҳӣ.

пешина
аз 345
навбатӣ