Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бихӯрду бар ӯ офарин кард сахт,
Маза ёфт з-он хӯрданаш некбахт.

Чунин гуфт Иблиси найрангсоз,
Ки «Ҷовид зӣ, шоҳи гарданфароз,

Чу фардо-т аз он гуна созам хуриш,
К-аз ӯ бошадат сар ба сар парвариш!»

Бирафту ҳама шаб сиголиш гирифт,
Ки фардо чи созад зи хӯрдан шигифт.

Дигар рӯз чун гунбади лоҷвард
Бароварду бинмуд ёқути зард,

Хуришҳо зи кабку тазарви сафед
Бисозиду омад дили пурумед.

Сари тозиён чун ба хон даст бурд,
Сари камхирад меҳр ӯро супурд.

Севум рӯз хонро ба мурғу бара
Биоросташ гунагун яксара.

Ба рӯзи чаҳорум чу бинҳод хон,
Хуриш сохт аз пушти гови ҷавон,

Бад-ӯ-андарун заъфарону гулоб,
Ҳамон солхӯрда майу мушки ноб.

Чу Заҳҳок даст андароварду хӯрд,
Шигифт омадаш з-он ҳушивор мард,

Бад-ӯ гуфт: «Бингар, ки то орзӯй
Чи хоҳӣ, бихоҳ аз ман, эй некхӯй!»

Хуришгар бад-ӯ гуфт, к-«Эй подшо,
Ҳамеша бизӣ шоду фармонраво!

Маро дил саросар пур аз меҳри туст,
Ҳама тӯшаи ҷонам аз чеҳри туст.

Яке ҳоҷат астам ба пирӯз шоҳ
В-агарчи маро нест ин пойгоҳ,

Ки фармон диҳад шоҳ, то кифти ӯй Бибӯсам, бад-ӯ барниҳам чашму рӯй!»

пешина
аз 345
навбатӣ