Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷаҳон сар ба сар подшоҳӣ турост,
Даду дом бо мурғу моҳӣ турост!»

Чу ин карда шуд, рози дигар гирифт,
Яке чора кард – аз шигифтӣ шигифт!

2
ХОЛИГАРӢ КАРДАНИ ИБЛИС

Ҷавоне баророст аз хештан,
Сухангӯю бинодилу поктан,

Ҳам эдун ба Заҳҳок бинҳод рӯй,
Набудаш ҷуз аз офарин гуфтугӯй,

Бад-ӯ гуфт: «Гар шоҳро дархурам,
Яке номвар марди холигарам!»

Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ,
Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ,

Калиди хуришхонаи подшо
Бад-ӯ дод дастури фармонраво.

Фаровон набуд он замон парвариш,
Ки камтар буд аз куштаниҳо хуриш.

Ҷуз аз рустаниҳо нахӯрданд чиз,
Зи ҳар-ч аз замин сар баровард низ.

Пас Оҳармани бадкуниш рой кард,
Ба дил куштани ҷонвар ҷой кард.

Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой
Хуриш карда, овард як-як ба ҷой,

Ба хунаш бипарвард бар сони шер,
Бад-он то кунад подшоро далер,

Сухан ҳар чи гӯяд-ш, фармон кунад,
Ба фармони ӯ дил гаравгон кунад.

3
Хуриш зардаи хоя додаш нахуст,
Бад-он дошташ чанд гаҳ тандуруст.

1
Дад – ҳайвони ваҳшии даранда; дом – ҷонварони ваҳшии ғайри даранда, аз қабили оҳу, гавазн ва ғайра.
Холигарӣ – пазандагӣ, таббохӣ.
Зардаи хоя – зардии тухм.

пешина
аз 345
навбатӣ