Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар он ройи вожуна деви нажанд
Яке жарф чоҳе ба раҳ-бар биканд,

Пас Иблиси вожуна ин жарф чоҳ
Ба хошок пӯшиду биспард роҳ.

Шаб омад, суи боғ бинҳод рӯй
Сари тозиён – меҳтари номҷӯй,

Чу омад ба наздики он жарф чоҳ,
Якояк нагун шуд сари бахти шоҳ,

Ба чоҳ-андар афтоду бишкаст, паст
Шуд он некдил марди яздонпараст.

Ба ҳар неку бад шоҳи озодмард
Ба фарзанд-бар н-озада боди сард,

Ҳаме парваридаш ба нозу ба ранҷ,
Бад-ӯ буд шоду бад-ӯ дод ганҷ.

Чунон буд, ки он шӯх фарзанди ӯй
Наҷуст аз раҳи шарм пайванди ӯй,

Ба хуни падар гашт ҳамдостон.
Зи доно шунидастам ин достон,

Ки «Фарзанди бад, гар бувад наррашер,
Ба хуни падар ҳам набошад далер,

Писар, к-ӯ раҳо кард расми падар,
Ту бегона донаш, махонаш писар!»

Фурӯмоя Заҳҳоки бедодгар
Бад-ин чора бигрифт гоҳи падар.¹

Чу Иблис пайваста дид он сухун,
Яке банди дигар нав афканд бун,

Бад-ӯ гуфт: «Чун сӯи ман тофтӣ,
Зи гетӣ ҳама коми дил ёфтӣ!

Агар ҳамчунин низ фармон кунӣ,
Напечӣ сар аз роҳу паймон кунӣ,

Гоҳ – дар ин ҷо ба маънии тахт.

пешина
аз 345
навбатӣ