Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Замона бад-ин хоҷаи солхӯрд
Ҳаме дер монад, ту андарнавард!

Бигир ин сари моя, даргоҳи ӯй,
Туро зебад андар ҷаҳон ҷоҳи ӯй!

Бар ин гуфтаи ман чу дорӣ вафо,
Ҷаҳонро ту бошӣ яке подшо!»

Чу Заҳҳок бишнид, андеша кард,
Зи хуни падар шуд дилаш пур зи дард,

Ба Иблис гуфт: «Ин сазовор нест,
Дигар гӯй, к-ин аз дари кор нест!»

Бад-ӯ гуфт: «Гар бигзарӣ з-ин сухан,
Битобӣ зи паймону савганди ман,

Бимонад ба гардан-т савганду банд,
Шавӣ хору монад падар-т арҷманд!»

Сари марди тозӣ ба дом оварид,
Чунон шуд, ки фармони ӯ баргузид.

Бипурсид, к-«Ин чора бо ман бигӯй,
Набартобам аз роҳи ту ҳеҷ рӯй».

Бигуфташ, ки «Ман чора созам туро,
Ба Хуршед сар барфарозам туро!

Ту дар кор хомӯш мебошу бас,
Набояд маро ёрӣ аз ҳеч кас,

Чунон чун бибояд, бисозам тамом,
Ту теғи сухан бармакаш аз наём!»

Мар-он подшоро дар-андар сарой
Яке бӯстон буд бас дилкушой,

2
Гаронмоя шабгир бархостӣ,
Зи баҳри ниёиш биоростӣ,

Сару тан бишустӣ нуҳуфта ба боғ,
Парастанда бо ӯ набурдӣ чароғ.

Навардидан – тай кардан, гузаштан, печидан.
Шабгир – шаб, аввали саҳаргоҳ.

пешина
аз 345
навбатӣ