Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз аспони тозӣ ба зарринситом
Варо буд бевар, ки бурданд ном.

2
Шабу рӯз будӣ дубаҳра ба зин,
Зи роҳи бузургӣ, на аз роҳи кин.

Чунон буд, ки Иблис рӯзе пагоҳ
Биомад ба сони яке некхоҳ,

Дили меҳтар аз роҳи некӣ бибурд,
Ҷавон гӯш гуфтори ӯро супурд.

Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ӯй,
Набуд огаҳ аз зишткирдори ӯй,

Бад-ӯ дод ҳушу дилу ҷони пок,
Пароканд бар тораки хеш хок.

Чу Иблис донист, к-ӯ дил бидод
3
Бар афсонааш, гашт наҳмор шод,

Фаровон сухан гуфт зебову нағз,
Ҷавонро зи дониш тиҳӣ буд мағз.

Ҳаме гуфт: «Дорам суханҳо басе,
Ки онро ҷуз аз ман надонад касе.»

Ҷавон гуфт: «Баргӯю чандин мапой,
Биомӯз моро ту, эй некрой!»

Бад-ӯ гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,
Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст».

Ҷавон содадил буду паймон-ш бурд,
Чунон, к-ӯ бифармуд, савганд хӯрд,

Ки «Рози ту бо кас нагӯям зи бун,
Зи ту бишнавам, ҳарчи гӯӣ, сухун!»

Бад-ӯ гуфт: «Ҷуз ту касе дар сарой
Чаро бояд, эй номвар, кадхудой?

Чи бояд падар, чун писар чун ту буд,
Яке пандат аз ман бибояд шунуд!

1 Зарринситом – афзори тиллоӣ.
2 Дубаҳра – дуаспа.
Наҳмор – беандоза, зиёд.

пешина
аз 345
навбатӣ