Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

ТАБОҲ ШУДАНИ РӮЗГОРИ ҶАМШЕД
Аз он пас баромад аз Эрон хурӯш,
Падид омад аз ҳар суе ҷангу ҷӯш,
Сияҳ гашт рахшанда рӯзи сапед,
Гусастанд пайванд аз Ҷаммашед,
Бар ӯ тира шуд фарраи эзадӣ,
Ба кажжӣ гароиду нобихрадӣ.
Падид омад аз ҳар суе хусраве,
1
Яке номдоре зи ҳар паҳлаве,
Сипаҳ кардаву ҷангро сохта,
2
Дил аз меҳри Ҷамшед пардохта,
Якояк аз Эрон баромад сипоҳ,
Суи тозиён баргирифтанд роҳ.
Шунуданд, к-он ҷо яке меҳтар аст,
Пур аз ҳавл шоҳ, аждаҳопайкар аст,
Саворони Эрон – ҳама шоҳҷӯй
Ниҳоданд яксар ба Заҳҳок рӯй,
Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд,
Варо шоҳи Эронзамин хонданд.
Кайи аждаҳофаш биомад чу бод
Ба Эронзамин, тоҷ бар сар ниҳод.
Аз Эрону аз тозиён лашкаре
Гузин кард гурдони ҳар кишваре,
Суи тахти Ҷамшед бинҳод рӯй,
Чу ангуштарӣ кард гетӣ бар ӯй.
Чу Ҷамшедро бахт шуд кундрав,
Ба танг оваридаш ҷаҳондори нав,
Бирафту бад-ӯ дод тахту кулоҳ,
Бузургиву дайҳиму ганҷу сипоҳ.
Ниҳон гашту гетӣ бар ӯ шуд сиёҳ,
Супурда ба Заҳҳок тахту кулоҳ,
Паҳлав – дар ин ҷо ба маънои шаҳр.
Пардохта – дар ин ҷо ба маънии холӣ кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё