Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба айвони Афросиёб-андаро,
Або моҳрӯе ба болин саро.
Бипечид бар хештан Бежано,
Ба Яздон паноҳид з-Аҳримано,
Чунин гуфт, к-«Эй кирдгоро, маро
Раҳоӣ нахоҳад будан з-эдаро!
Зи Гургин бихоҳӣ магар кини ман,
Бар ӯ бишнавӣ дарду нафрини ман,
Ки ӯ буд ин бад маро раҳнамун,
Ҳамехонд бар ман ҳазорон фусун!»
Манижа бад-ӯ гуфт: «Дил шод дор,
Ҳама кори нобударо бод дор,
Ба мардон зи ҳар гуна кор оядо,
Гаҳе базму гаҳ корзор оядо!»
Яке ҷоми май барниҳодаш ба даст,
Ҳаме гуфт: «Эй шери хусравпараст,
Бихур май, махур ҳеч андӯҳу ғам,
На аз ғам фузунӣ биояд, на кам.
Ҳанӯз андуҳе н-омада пеш, ту
Чи дорӣ ба андӯҳ дил реш ту?
Агар шоҳ ёбад зи корат хабар,
Кунам ҷони ширин ба пешат сипар!»
Ниҳоданд ҳар ду ба хӯрдан саро,
Ки ҳам дор буд пешу ҳам минбаро.
Зи ҳар хиргаҳе гулрухе хостанд,
Ба дебои чинӣ биоростанд.
Паричеҳрагон рӯд бардоштанд,
Ба шодӣ шабу рӯз бигзоштанд.
Чу якчанд бигзашташон инчунин,
Пас огоҳӣ омад ба дарбон аз ин:
«Касе, к-аз газофа сухан ронадо,
Дарахти балоро биҷунбонадо!»
Нуҳуфта ҳама розҳо бозҷуст,
Ба жарфӣ нигаҳ кард кор аз нахуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё