Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чи аз мушку анбар, чи ёқуту зар
Саропарда ороста сарбасар.

Майи солхӯрда ба ҷоми булӯр
Бароварда бо Бежани Геви зӯр.

Се рӯзу се шаб шод буда ба ҳам,
Гирифта бар ӯ хобу мастӣ ситам.

БУРДАНИ МАНИЖА БЕЖАНРО БА КОХИ ХУД

Чу ҳангоми рафтан фароз омадаш,
Ба дидори Бежан ниёз омадаш.

Манижа, чу Бежан дижамрӯй монд,
Парастандагонро бари хеш хонд,

Бифармуд, то доруи ҳушбар
Парастанда омехт бо нӯш-бар.

Бидоданд, чун хӯрд, шуд мард маст,
Абехештан сар-ш бинҳод паст.

1
Иморӣ бисечиду рафтан ба роҳ
Мар-он хуфтаро андар он ҷойгоҳ,

Зи як сӯ нишастангаҳи комро,
Дигар сӯй аз баҳри оромро.

Бигустурд кофур бар ҷои хоб,
Ҳаме рехт бар чӯби сандал гулоб.

Чу омад ба наздики шаҳр-андаро,
Бипӯшид бар хуфта-бар чодаро.

Нуҳуфта ба кох-андар омад ба шаб,
Ба бегонагон ҳеч накшод лаб.

Ба айвон биоросташ ҷои хоб,
Ба бедории Бежан омад шитоб.

Дарафканд доруи ҳушаш ба гӯш,
Бад-он, то ба ҷои худ ояд-ш ҳуш.

Чу бедор шуд Бежану ҳуш ёфт,
Нигори суманбар дар оғӯш ёфт,

Иморӣ (аморӣ) – ҳавдаҷ, маҳд, каҷова, тахти равон.

пешина
аз 345
навбатӣ