Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фиристод посух ҳам андарзамон,
К-«Ат омад ба даст, он чи бурдӣ гумон,

Ки оӣ хиромон ба наздики ман,
Барафрӯзӣ ин ҷони торики ман,

Ба дидори ту чашм равшан шавад,
Дару дашту хиргоҳ гулшан шавад!»

Фиристода омад ҳамон раҳнамой,
Дилу гӯши Бежан ба посух сарой.

ОМАДАНИ БЕЖАН БА ХАЙМАИ МАНИЖА

Намонд он замон ҷойгоҳи сухун,
Хиромид аз сояи сарвбун,

Суи хаймаи духти Афросиёб
Пиёда ҳаме гом зад бошитоб.

Ба парда даромад чу сарви баланд,
Миёнаш ба зарринкамар карда банд.

Манижа биомад, гирифташ ба бар,
Кушод аз миёнаш кайонӣ камар,

Бипурсидаш аз роҳу аз кору соз,
Ки «Бо ту кӣ омад ба ҷанги гуроз?

Чаро инчунин қадду ин рӯю бурз
Биранҷонӣ, эй хубчеҳра, ба гурз?!»

Бишустанд пояш ба мушку гулоб,
Гирифтанд аз он пас ба хӯрдан шитоб,

Ниҳоданд хону хуриш гунагун,
Ҳаме сохтандаш фузунӣ фузун.

Нишастангаҳи рӯду май сохтанд,
Зи бегона хиргаҳ бипардохтанд.

Парастандагон, истода ба пой,
Або барбату чанги ромишсарой,

Ба дебо замин карда товусранг,
Зи динору дебои пушти паланг.

К-ат – ки туро.

пешина
аз 345
навбатӣ