Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар ин ҷашнгаҳ-бар надидем кас,
Туро бинам, эй сарви озоду бас.

Бигӯяш, ки ту мардумӣ ё парӣ,
Бар ин ҷашгнаҳ-бар ҳаме бигзарӣ.

Надидам чу ту ҳеч, эй моҳрӯй,
Чиномӣ туву аз куҷоӣ, бигӯй!»¹

Чу доя бари Бежан омад фароз,
Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз.

Паёми Манижа ба Бежан бигуфт,
Ду рухсори Бежан чу гул баршукуфт,

Чунин гуфт худкома Бежан бад-ӯй,
Ки «Ман, эй фиристодаи хубгӯй,

Сиёвуш наям, на-з паризодагон,
Аз Эронам, аз шаҳри озодагон.

Манам Бежани Гев, аз Эрон ба ҷанг
Ба разми гуроз омадам тезчанг,

Сароншон буридам, фикандам ба роҳ,
Ки дандонҳошон барам назди шоҳ.

Чу з-ин базмгаҳ огаҳӣ ёфтам,
Суи Геви Гударз наштофтам,

Магар чеҳраи духти Афросиёб
Намояд маро бахти фаррух ба хоб.

Ҳаме бинам ин дашти ороста
Чу бутхонаи Чин пур аз хоста.

Агар некроӣ кунӣ, тоҷи зар
Туро бахшаму гӯшвору камар.

Маро сӯи он хубчеҳр оварӣ,
Дилаш бо ман-андар ба меҳр оварӣ».

Чу Бежан чунин гуфт, шуд доя боз,
Ба гӯши Манижа расонид роз,

Ки рӯяш чунин асту боло чунин,
Чунин офаридаш ҷаҳонофарин.

Чиномӣ – чӣ ном дорӣ.

пешина
аз 345
навбатӣ