Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба зери яке сарвбун шуд баланд,
Ки то з-офтобаш набошад газанд.
Ба наздики он хаймаи хубчеҳр
Биомад, ба дил-ш-андар овехт меҳр.
1
Бидошт аспро ҳам бад-он ҷойгоҳ,
Ҳаме кард пинҳон бад-эшон нигоҳ,
Бутон дид, чун луъбати Қандаҳор,
Биороста ҳамчу хуррам баҳор.
Ҳама дашт аз овои рӯду суруд
Равонро ҳамедод, гуфтӣ, дуруд.
Чу он хубчеҳра зи хайма ба роҳ
Бидид он рухи паҳлавони сипоҳ,
Ба рухсорагон чун Суҳайли Яман,
Бунафша дамида ба гирди суман,
Кулоҳи ҷаҳонпаҳлавон бар сараш,
Фурӯзон зи дебои румӣ бараш.
Ба парда дарун духти пӯшидарӯй,
Биҷӯшид меҳраш бар он меҳрҷӯй.
Фиристод мар-дояро чун наванд,
Ки «Рав зери он шохи сарви баланд,
Нигаҳ кун, ки он моҳдидор кист,
Сиёвуш магар зинда шуд ё парист?
Бипурсаш, ки чун омадӣ эдаро,
Кӣ овардат эдун бад-ин чедаро?²
Паризодаӣ, ё Сиёвахшиё,
Ки дилро ба меҳрат ҳаме бахшиё?
Магар хост андар ҷаҳон растахез,
Ки бифрӯхтӣ оташи меҳр тез,
Ки ман солиён то бад-ин марғзор,
Ҳаме ҷашни нав созам андар баҳор,
Ба тақозои вазн шояд «бимонд» бошад.
Чедар – чодар, хайма.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё