Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба Гургин чунин гуфт пас Бежано,
Ки «Ман пештар созам ин рафтано,
Шавам, базмгаҳшон бибинам зи дур,
Ки тӯрониён чун бисечанд сур,
Нахустин яке рӯяшон бингарам,
Бибинам, кӣ ояд ба дил хуштарам
В-аз он ҷо ҳамон гаҳ бипечам инон,
Ба гардун барорам зудудасинон.
Занем он гаҳе рой ҳушёртар,
Шавад дил зи дидор бедортар!»
Бад-ӯ гуфт Гургин: «Бирав, шод бош,
Ҳамеша аз андӯҳ озод бош!»
1
Чу бархост Бежан, ду рух ҳамчу вард,
Зи баҳри шудан кори худ рост кард,
Ба ганҷур гуфт: «Он кулоҳи падар,
Ки дар базмгаҳ барниҳодӣ ба сар,
Ки рахшон шудӣ з-ӯ ҳама базмгоҳ,
Биовар, ки моро ба базм аст роҳ!»
Ҳамон тавқи Кайхусраву гӯшвор,
2
Ҳамон ёраиГев – гавҳарнигор
Биовард ганҷур, чун он ки гуфт,
Бари Бежани паҳлавон аз нуҳуфт.
Бипӯшид рахшанда румиқабой,
Ба тоҷ-андар овехт парри ҳумой.
Ниҳоданд бар пушти шабранг зин,
Камар хост бо паҳлавонӣ нигин.
Ба асп-андар овард пою бирафт
Хиромон ба наздики он беша тафт.
Чу наздиктар рафту дар беша шуд,
Дил аз кори хешаш пурандеша шуд.
Вард – гули сурх.
Гавҳарнигор – бо гавҳар оросташуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё