Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Паричеҳра бинӣ ҳама дашту кӯҳ,
Ба ҳар сӯ ба шодӣ нишаста гурӯҳ.
Манижа, куҷо духти Афросиёб,
Дурахшон кунад боғ чун офтоб,
Занад хайма з-он гаҳ бад-он марғзор
Або сад канизак ҳама чун нигор,
Ҳама духттуркони пӯшидарӯй,
Ҳама сарвқадду ҳама мушкмӯй,
Ҳама рух пур аз гул, ҳама чашм хоб,
Ҳама лаб пур аз май ба бӯи гулоб.
Ҳама дашт бинӣ биороста,
Чу бутхонаи Чин пур аз хоста.
Агар мо ба наздики он ҷашнгоҳ
Шавему битозем якрӯза роҳ,
Бигирем аз эшон паричеҳра чанд,
Ба наздики Хусрав шавем арҷманд!»
Чу Гургин чунин гуфт, Бежан ҷавон
Биҷунбидаш он гавҳари паҳлавон,
Гаҳе ном ҷуст андар он, гоҳ ком,
Ҷавон буд, ҷавонвор бардошт гом.
РАФТАНИ БЕЖАН БА ДИДАНИ МАНИЖА –
ДУХТАРИ АФРОСИЁБ
Бирафтанд ҳарду ба роҳи дароз
Яке ростпеша, яке кинасоз.
Миёни ду беша ба як рӯз роҳ
Фуруд омад он гурди лашкарпаноҳ.
Дар он марғзорони Ирмон ду рӯз
Ҳаме шод буданд бо бозу юз.
Чу донист Гургин, ки омад арӯс,
Ҳама дашт аз ӯ шуд чу чашми хурӯс.
Ба Бежан пас он достон баркушод В-аз он ҷашну ромиш ҳаме кард ёд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё