Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нигаҳ кард, к-ӯ кист, шаҳраш куҷост,
Бад-ин омадан сӯи Тӯрон чи хост?

Бидонисту тарсон шуд аз ҷони хеш,
Шитобид наздики дармони хеш.

Ҷуз огоҳ кардан надид эч рой,
Давон аз паси парда бардошт пой,

Биомад бари шоҳи Тӯрон, бигуфт,
Ки «Духтар-т аз Эрон гузидаст ҷуфт!».

Ҷаҳонҷӯй кард аз ҷаҳондор ёд,
Ту гуфтӣ, ки бед аст ҳангоми бод.

Ба даст аз мижа хуни мижгон бируфт,
Барошуфту ин достон бозгуфт:

«Киро аз паси парда духтар бувад,
Агар тоҷ дорад, бадахтар бувад!»

Зи кори Манижа ба хира бимонд,
Қарохони солорро пеш хонд,

Бад-ӯ гуфт: «Аз ин кори нопокзан
Ҳушивор бо ман яке рой зан!»

Чунин дод посух Қарохон ба шоҳ,
Ки «Дар кор ҳушёртар кун нигоҳ,

Агар ҳаст, худ ҷои гуфтор нест,
Валекин шунидан чу дидор нест!»

Чу посух чунин ёфт Афросиёб,
Зи гуфти Қарохонаш омад шитоб.

Ба Гарсеваз-андар яке бингарид,
К-«Аз Эрон чи дидему хоҳем дид?

Замона чаро бандад ин банди бад,
Ғами шаҳри Эрону фарзанди бад?

Бирав бо саворони ҳушёрсар,
Нигаҳ дор мар-кохро бому дар,

Нигар, то чи бинӣ ба кох-андаро,
Бибанду кашонаш, биёр эдаро!»

пешина
аз 345
навбатӣ