Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи хешон тане чанд бо худ бибурд
Касоне, ки буданд ҳушёру гурд.
Ба бори шутур-дар силеҳи гавон
Ниҳон кард он номвар паҳлавон.
Биомад бад-ин сон ба кӯҳи Сипанд
Ҷаҳонпаҳлавон Рустами зӯрманд.
Расиду зи кӯҳ дидбонаш бидид,
Ба наздики солори меҳтар давид,
Чунин гуфт, к-«Омад яке корвон,
Ба пеш-андарунанд бас сорвон,
Гумонам, ки бошад намак борашон,
Агар пурсадам меҳтар аз корашон.»
Фиристод меҳтар якеро дамон
Ба наздикии меҳтари корвон,
Бад-ӯ гуфт: «Бингар, ки то чист бор,
Биёву маро огаҳӣ деҳ зи кор!»
Фуруд омад аз диж фиристода мард,
Бари Рустам омад ба кирдори гард,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари корвон,
Маро огаҳӣ деҳ зи бори ниҳон,
Бад-он то ба наздики меҳтар шавем,
Бигӯему гуфтори ӯ бишнавем.»
Ба посух чунин гуфт Рустам бад-ӯй,
Ки «Рав назди он меҳтари номҷӯй,
Ҳамин гӯяш аз гуфтаҳо як ба як,
Ки дар борамон аст яксар намак.»
Фиристода баргашту омад фароз
Ба наздики он меҳтари сарфароз,
«Яке корвон аст, – гуфто, – тамом
Намак бор доранд, эй некном!»
Чу бишнид меҳтар, баромад зи ҷой,
Лабаш гашт хандону шодифизой,
Бифармуд, то дар кушоданд боз,
Бад-он, то шавад корвон бар фароз…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё