Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи дарвозаи диж яке тан бурун
Наомад, ҳам эдун нарафт андарун,
Ки ҳоҷат набуд-шон ба як парри коҳ,
Агарчи ки раҳ баста шуд солу моҳ.
Саранҷом навмед баргашт Сом,
Зи хуни падар норасида ба ком.
Туро, эй писар, гоҳ омад кунун,
Ки созӣ яке чорае пурфусун,
Равӣ шоддил бо яке корвон,
Бад-он сон, ки нашносадат дидбон,
Тани худ ба кӯҳи Сипанд афканӣ,
Буну бехи он бадрагон барканӣ,
Ки акнун надонад касе номи ту,
Зи рафтан барояд магар коми ту!»
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Фармон кунам,
Мар-ин дардро зуд дармон кунам!»
Бад-ӯ гуфт Зол: «Эй писар, ҳуш дор,
Ҳар он ч-ат бигӯям, зи ман гӯш дор,
1
Баророй тан чун тани сорвон,
Шутур хоҳ аз дашт як корвон,
Ба пушти шутур-бар намак дору бас,
Чунон рав, ки нашносадат ҳеч кас,
Ки бори намак ҳаст он ҷо азиз,
Ба қимат аз он беҳ надоранд чиз…
Чу бинанд бори намак ногаҳон,
Пазира давандат кеҳону меҳон.»
РАФТАНИ РУСТАМ БА КӮҲИ СИПАНД
Чу бишнид Рустам, баророст кор
Бар он сон, ки буд дархури корзор.
Ба бори намак-дар ниҳон кард гурз,
Барафрохта паҳлавон ёлу бурз.
Сорвон – сорбон, сарвари корвон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё