Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳисоре бубинӣ, сар андар саҳоб,
Ки бар вай напаррид паррон уқоб,
Чаҳор аст фарсанг болои ӯ,
Ҳам эдун чаҳор аст паҳнои ӯ,
Пур аз сабзаву обу динору зар,
Басе андар ӯ мардуму ҷонвар,
Дарахтони бисёру бо киштварз,
Касе худ надидаст аз ин гуна марз!
1
Зи ҳар пеша кору зи ҳар мева дор
Дар ӯ офаридаст Парвардгор,
Яке роҳ бар вай даре сохтанд,
Ба сони сипеҳре барафрохтанд.
Наримон, ки гӯй аз далерон бибурд,
Ба фармони шоҳ Офаридуни гурд
Ба сӯи ҳисор-андар овард пой,
Дар он роҳ аз ӯ гашт пардахта ҷой,
Бимонд андар он разм соле фузун,
Сипаҳ андаруну сипаҳбуд бурун.
Саранҷом санге биандохтанд,
Ҷаҳонро зи паҳлав бипардохтанд,
Сипаҳ бе сипаҳдор гаштанд боз
Ба наздикии шоҳи гарданфароз.
Чу огоҳӣ омад ба Соми далер,
Ки шери диловар шуд аз разм сер,
Хурӯшиду бисёр зорӣ намуд,
Ҳаме ҳар замон нолае барфузуд,
Ба як ҳафта мебуд бо сӯгу дард,
Сари ҳафта паҳлав сипаҳ гирд кард,
Ба сӯи ҳисори диж-андар кашид,
Биёбону бераҳ сипаҳ густарид.
Нишаст андар он ҷо басе солу моҳ,
Суи бораи диж надонист роҳ.
Дор – дарахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё