Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бурун омад аз дар ба кирдори бод,
Ба гардан-бараш гурзу сар пур зи дод,
Ҳаме рафт тозон суи жандапил
Хурӯшанда монанди дарёи Нил.
Нигаҳ кард, кӯҳе хурӯшанда дид,
Замин зери ӯ деги ҷӯшанда дид,
Рамон дид аз ӯ номдорони хеш,
Бар он сон, ки бинад рухи гург меш.
Таҳамтан яке наъра зад ҳамчу шер,
Натарсиду омад бари ӯ далер,
Баровард хартум пили жиён,
Бад-он, то ба Рустам расонад зиён.
Таҳамтан яке гурз зад бар сараш,
Ки хам гашт болои куҳпайкараш,
Биларзид бар худ куҳи Бесутун,
Ба захме биафтод хору забун…
Ба Зол огаҳӣ шуд, ки Рустам чи кард,
Зи пили даманда баровард гард,
Ба як гурз бишкаст гардан-шро,
Ба хок-андар афканд мар-тан-шро,
Бигуфто: «Дареғ аз чунон жандапил,
Ки будӣ хурӯшон чу дарёи Нил,
Басо рамзгоҳо, ки он пили маст
Ба ҳамла сипаҳ пок барҳам шикаст!»…
Бифармуд, то Рустам омад бараш,
Бибӯсид бо даст ёлу сараш,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй баччаи наррашер,
Бароварда чанголу гашта далер,
Бад-ин кӯдакӣ нест ҳамтои ту
Ба фарру ба мардиву болои ту!
Кунун пештар з-он ки овози ту
Барояд в-аз он бигсилад сози ту,
Ба хуни Наримон миёнро бибанд,
Бирав тозиён то ба кӯҳи Сипанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё