Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунин гуфт фарзандро Золи Зар,
Ки «Эй номвар пури хуршедфар,

Далерон-тро хилъату ёра соз,
Касоне, ки бошанд гарданфароз!»

Бубахшид Рустам зару хоста,
Басе тозиаспони ороста

В-аз он пас пароканда гашт анҷуман,
Басе хоста ёфта тан ба тан.

Сипаҳбуд ба сӯи шабистони хеш
Биомад бар он сон, ки буд расму кеш.

Таҳамтан ҳам эдун сараш пуршароб
Биомад гурозон суи ҷои хоб,

Бихуфту ба хоб-андар омад сараш,
Баромад хурӯшидане аз дараш,

Ки «Пили сапеди сипаҳбуд зи банд
Раҳо гашту омад ба мардум газанд!»

Чу з-он гуна гуфтораш омад ба гӯш,
Далериву тундӣ дар ӯ кард ҷӯш,

Давон гашту гурзи ниё баргирифт,
Бурун омаданро раҳ андаргирифт.

Касоне, ки буданд бар даргаҳаш,
Ҳаме баста карданд бар вай раҳаш,

Ки «Аз бими испаҳбади номвар
Чи гуна кушоем пеши ту дар?

Шаби тираву пили ҷаста зи банд,
Ту берун шавӣ, кай бувад ин писанд?!»

Таҳамтан шуд ошуфта аз гуфтанаш,
Яке мушт зад бар сару гарданаш

Бар он сон, ки шуд сар-ш монанди гӯй,
Суи дигарон-андар овард рӯй,

Рамиданд аз он паҳлави номвар,
Диловар биомад ба наздики дар,

Бизад гурзу бишкаст занҷиру банд Чунон, чун аз он номвар буд писанд.

пешина
аз 345
навбатӣ