Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ РУСТАМ
Басе барнаомад бар ин рӯзгор,
Ки озодасарв андаромад ба бор.
Баҳори дилафрӯз пажмурда шуд,
Дилаш бо ғаму ранҷ биспурда шуд…
Бад-ӯ гуфт модар, ки «Эй ҷони мом,
Чи будат, ки гаштӣ чунин зардфом?»
Чунин дод посух, ки «Ман рӯзу шаб
Ҳаме баркушоям ба фарёд лаб,
Чунон гашта бехобу пажмурдаам,
Ту гӯӣ, ки ман зиндаи мурдаам,
Ҳамоно замон омадастам фароз
В-аз ин бор бурдан наёбам ҷавоз.»
Чунин то гаҳи зодан омад фароз,
Ба хобу ба ором будаш ниёз,
Ту гуфтӣ, ба санг асташ оганда пӯст
Ва ё з-оҳан аст он, ки буда дар ӯст…
Якояк ба Дастон расид огаҳӣ,
Ки пажмурда шуд барги сарви саҳӣ,
Ба болини Рӯдоба шуд Золи Зар
Пур аз об рухсору хаста ҷигар…
Ба дил он гаҳе Зол андеша кард
В-аз андеша осонтараш гашт дард,
Ҳамон парри Симурғаш омад ба ёд,
Бихандиду Синдухтро мужда дод.
1
Яке миҷмар оварду оташ фурӯхт
В-аз он парри Симурғ лахте бисӯхт,
Ҳам андар замон тирагун шуд ҳаво,
Падид омад он мурғи фармонраво…
Чунин гуфт Симурғ, к-«Ин ғам чарост,
Ба чашми ҳижабр-андарун нам чарост?²
Фурӯхт – дар ин ҷо ба маънии афрӯхтан, фурӯзон кардан.
Ҳижабр – ҳизабр, шер. Дар ин ҷо ба маънии шердил, диловар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё