Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ин сарви симинбари моҳрӯй
Яке шер бошад туро номҷӯй,

Ки хоки пайи ӯ бибӯсад ҳижабр,
Наёрад ба сар-бар гузаштан-ш абр

В-аз овози ӯ чарми ҷангипаланг
Шавад чок-чоку бихояд ду чанг…

Ба гоҳи хирад Соми сангӣ бувад,
Ба хашм-андарун шери ҷангӣ бувад.

Ба болои сарву ба нерӯи пил,
Ба ангушт хишт афканад бар ду мил!..

Биовар яке ханҷари обгун,
Яке марди бинодили пурфусун.

Нахустин ба май моҳро маст кун,
Зи дил биму андешаро паст кун,

Ту бингар, ки бинодил афсун кунад,
Зи сандуқ то шер берун кунад.

1
Бикофад тиҳигоҳи сарви саҳӣ,
Набошад мар-ӯро зи дард огаҳӣ

В-аз ӯ баччаи шер берун кашад,
Ҳама паҳлуи моҳ дар хун кашад

В-аз он пас бидӯзад, куҷо кард чок,
Зи дил дур кун тарсу андӯҳу бок!

Гиёҳе, ки гӯям, ту бо ширу мушк
Бикӯбу бикун ҳар се дар соя хушк,

Бисою биоло бар он хастагӣ-ш,
Бубинӣ ҳамон рӯз пайвастагӣ-ш…

Бад-ин кор дил ҳеч ғамгин мадор,
Ки шохи барӯмандат ояд ба бор!» –

Бигуфту яке пар зи бозӯ биканд,
Фиканду ба парвоз-бар шуд баланд…

Биомад яке мӯбади чарбдаст,
Мар-он моҳрухро ба май кард маст,

Бикофад – шикофад.

пешина
аз 345
навбатӣ