Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама шаҳр з-овои ҳиндидарой,
Зи нолидани барбату чангу ной,

Ту гуфтӣ, дару бом ромишгар аст,
Замона ба ороиши дигар аст.

Бишуд ёли аспон карон то карон
Барандуда аз мушку аз заъфарон.

Бурун рафт Синдухт бо бандагон,
Миён баста сесад парастандагон.

Мар-он ҳар якеро яке ҷоми зар
Ба даст-андарун пур зи мушку гуҳар,

Ҳама Сомро офарин хонданд
В-аз он ҷомҳо гавҳар афшонданд.

Бар он ҷашн ҳар кас, ки омад фароз,
Шуд аз хоста як ба як бениёз.

Бихандиду Синдухтро Сом гуфт,
Ки «Рӯдобаро чанд хоҳӣ нуҳуфт?»

Бад-ӯ гуфт Синдухт: «Ҳадя куҷост,
Агар дидани офтобат ҳавост?»

Чунин дод посух ба Синдухт Сом,
Ки «Аз ман бихоҳ, он чи дорӣ ту ком,

Зи ганҷу зи тоҷу зи тахту зи шаҳр
Маро ҳарчи бошад, шуморост баҳр!»

Бирафтанд зӣ хонаи зарнигор,
Куҷо андарун буд хуррамбаҳор,

Нигаҳ кард Сом андар он моҳрӯй,
Якояк шигифтӣ бимонд андар ӯй,

Надонист, к-аш чун ситояд ҳаме,
Бар ӯ чашмро чун кушояд ҳаме.

Бифармуд, то рафт Меҳроб пеш,
Бибастанд аҳде ба оину кеш,

Ба як тахташон шод биншонданд,
Ақиқу забарҷад барафшонданд,

пешина
аз 345
навбатӣ