Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чунин дод посух, ки «Эй паҳлавон,
Гар эдун, ки бинӣ ба равшанравон,
Сипаҳ рониву мо зи пастар шавем,
Бигӯему з-ин дар сухан бишнавем!»
Ба Дастон нигаҳ карду хандид Сом,
Бидонист к-ӯро аз ин чист ком,
Суханҳо ҷуз аз духти Меҳроб нест,
Шаби тира мар-Золро хоб нест.
Бифармуд, то зангу ҳиндидарой
Заданду кушоданд пардасарой.
Ҳаюне барафканд марди далер,
Бад-он то шавад назди Меҳроби шер,
Бигӯяд, ки омад сипаҳбуд ба роҳ
Або Золу пилону чанде сипоҳ.
Фиристода омад ба Меҳроб зуд,
Саросар бигуфт, он чи диду шунуд.
Чу бишнид Меҳроб, шуд шодмон,
Ба рух гашт ҳамчун гули арғавон,
Бизад нойу рӯину барбаст кӯс,
Биорост лашкар чу чашми хурӯс…
Ҳамерафт з-ин гуна то пеши Сом,
Фуруд омад аз аспу бигзорд гом,
Гирифташ ҷаҳонпаҳлавон дар канор,
Бипурсидаш аз гардиши рӯзгор.
Шаҳи Кобулистон гирифт офарин,
Чи бар Сому бар Золи Зар ҳамчунин.
Нишаст аз бари бораи тезрав,
Чу аз кӯҳ сар барзанад моҳи нав.
Яке тоҷи заррин, нигораш гуҳар,
Ниҳод аз бари тораки Золи Зар.
Ба Кобул расиданд хандону шод,
Суханҳои дерина карданд ёд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё