Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи ёқут мар-тахтро поя буд,
Ки тахти кайон буду пурмоя буд.
Биорост Рӯдобаро чун биҳишт,
Бар ӯ-бар басе ҷодуиҳо набишт,
Нишондаш дар он хонаи зарнигор,
Касеро бари ӯ надоданд бор.
Ҳама Кобулистон шуд ороста,
Пур аз рангу бӯю пур аз хоста.
Ҳама пушти пилон биоростанд,
Ба дебои румӣ биперостанд,
Нишастанд бар пил ромишгарон,
Ниҳоданд бар сар ҳама афсарон,
Пазира шуданро биоростанд,
Якояк парастандагон хостанд,
Куҷо барфишонанд мушку абир,
Ҳамон густаронанд хаззу ҳарир,
Фишонанд бар сар ҳаме мушку зар,
Кунанд аз гулобу зи май хок тар
В-аз он сӯ дамон Золу ёрони ӯй
Суи Зобулистон ниҳоданд рӯй.
РАСИДАНИ ЗОЛ БА НАЗДИКИ СОМ
Ҳамеронд Дастон, гирифта шитоб,
Чу парранда мурғу чу киштӣ бар об.
Касеро, ки буд з-омадан-ш огаҳӣ,
Пазира бирафтанд бо фарраҳӣ.
Хурӯше баромад зи пардасарой,
Ки «Омад зи раҳ Золи фархундарой!»
Пазира шудаш Соми ял шодмон,
Ҳамедошт андар бараш як замон…
Суханҳои Синдухт гуфтан гирифт,
Чу хандон шуд, он гаҳ нуҳуфтан гирифт…
Зи шодӣ чунон тоза шуд Золи Сом,
Ки рангаш саропой шуд лаълфом,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё