Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба шохе задӣ даст, к-андар замин
Бар ӯ шаҳриёрон кунанд офарин.

Чунон ҳам куҷо сохтӣ аз нахуст,
Бибояд мар-инро саранҷом ҷуст.

Ҳама ганҷ пеши ту ороста-ст,
Агар тоҷ, агар тахт, агар хоста-ст!»

Чу бишнид Синдухт, аз ӯ гашт боз,
Бари духтар омад сарояндароз,

Ҳаме мужда додаш ба дидори Зол,
Ки «Чун хостӣ, ёфтӣ з-ӯ ҳамол,

Зану мардро аз баландӣ маниш
Сазад, гар барояд сар аз сарзаниш,

Суи коми дил тез биштофтӣ,
Кунун ҳар чи ҷустӣ, ҳама ёфтӣ!»

Бад-ӯ гуфт Рӯдоба, к-«Эй шоҳзан,
Сазои ситоиш ба ҳар анҷуман,

Ман аз хоки пои ту болин кунам,
Ба фармон-т ороиши дин кунам,

Зи ту чашми оҳарманон дур бод,
Дилу ҷони ту хонаи сур бод!»

Чу бишнид Синдухт гуфтори ӯй,
Ба ороиши кох бинҳод рӯй,

Биорост айвон чу хуррамбиҳишт,
Майу мушку анбар ба ҳам-дар сиришт,

Бисоте биафканд, пайкар ба зар,
Забарҷад дар ӯ бофта сарбасар,

1
Дигар пайкараш дурри хушшоб буд,
Ки ҳар донае қатраи об буд.

Дар айвон яке тахти заррин ниҳод,
Ба оину ороиши Чин ниҳод.

Ҳама пайкараш гавҳароганда буд,
Миёни гуҳар нақшҳо канда буд.

Хушшоб – муҷалло, ҷилодор.

пешина
аз 345
навбатӣ