Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳамин пури фархунда Золи далер,
К-аз ӯ хира гардад гаҳи разм шер,
Далеру ҳунарманду гурду савор,
К-аз ӯ монад андар ҷаҳон ёдгор,
Расиду бидонистам аз коми ӯй
Ҳамон хоҳишу ройу ороми ӯй.
Ҳама орзӯҳо супурдам бад-ӯй,
Басе рӯзи фаррух шумурдам бад-ӯй.
Зи шере, ки бошад шикораш паланг,
Чи зояд ба ҷуз шери шарза ба ҷанг?
Гусӣ кардамаш бо диле шодмон,
К-аз ӯ дур бодо бади бадгумон!»
Бурун рафт бо фаррухӣ Золи Зар,
Зи гурдони лашкар баровард сар.
Наванде барафканд наздики Сом,
Ки «Баргаштам аз шоҳ дил шодком,
Або хилъати хусравониву тоҷ,
Ҳамон ёраву тавқу ҳам тахти оҷ,
Сабук наздат оям кунун бошитоб,
Аё меҳрубон, номбардор боб!»
Чунон шод шуд з-он сухан паҳлавон,
Ки бо пирсар шуд ба наввӣ ҷавон,
Саворе ба Кобул фиристод зуд,
Ба Меҳроб гуфт, он куҷо рафта буд…
Фиристода тозон ба Кобул расид
В-аз ӯ шоҳи Кобул суханҳо шунид,
Чунон шод шуд шоҳи Кобулситон
Зи пайванди хуршеди Зобулситон,
Ки беҷоншуда боз ёбад равон
Ва ё пирсар мард гардад ҷавон!
Гаронмоя Синдухтро пеш хонд,
Басе чарбгуфтор бо ӯ биронд,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй ҷуфти фархундарой,
Биафрӯхт аз ройат ин тираҷой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё