Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Камонро бимолид Дастони Сом,
Барангехт аспу баровард ном,
Бизад бар миёни дарахти саҳӣ,
Гузора шуд он тири шоҳаншаҳӣ!..
Ба гарданкашон гуфт шоҳи ҷаҳон,
Ки «Бо ӯ кӣ ҷӯяд набард аз меҳон?
Яке баргирояд-ш андар набард,
Ки аз тиру жӯпин баровард гард!»
Ҳама рост карданд гурдон силеҳ,
1
Ба дил хашмноку забон пурмизеҳ,
Ба овард рафтанд, печон инон,
Або найзаи обдода синон.
Барангехт Зол аспу бархост гард,
Чунон шуд, ки мард андаромад ба мард,
Нигаҳ кард, то кист з-эшон савор
Инонпечу гарданкашу номдор,
Чунон хораш аз пушти зин баргирифт,
Ки шоҳу сипаҳ монд аз ӯ дар шигифт.
Манучеҳр гуфт: «Ин диловар ҷавон
Бимонод ҳамвора равшанравон,
Ҳар он кас, ки бо ӯ биҷӯяд набард,
Кунад ҷома модар бар ӯ лоҷвард!²
Зи шерон назояд чун ӯ низ гурд,
Чи гурд, аз наҳангон-ш бояд шумурд!
Хунук Соми ял, к-инчунин ёдгор
Бимонад ба гетӣ далеру савор!»…
ПОСУХИ НОМАИ СОМ АЗ МАНУЧЕҲР
Пас он номаи Сом посух набишт,
Шигифтӣ суханҳои фаррух набишт:
«Набинад чу ту низ гардонсипеҳр
Ба разму ба базму ба ройу ба чеҳр.
Мизеҳ (мазеҳ) – мизоҳ, мазоҳ.
Яъне, модар дар мотами ӯ кабуд пӯшад, мисле ки ҳоло сиёҳ мепӯшанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё