Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чашиданд май, то ҷаҳон тира гашт,
Сари майгусорон зи май хира гашт…
Чу барзад забона зи кӯҳ офтоб,
Сари номдорон баромад зи хоб,
Биомад камарбаста Золи далер,
Ба пеши шаҳаншоҳ чун наррашер,
Ба дастурии бозгаштан зи дар,
Шудан назди солор – фаррух падар,
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-«Эй некхӯй,
Маро чеҳри Сом омадаст орзӯй,
Бибӯсидам ин пояи тахти оҷ,
Дилам гашт равшан бад-ин фарру тоҷ!»
Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй ҷавонмарди гурд,
Як имрӯз низат бибояд супурд,
Туро бӯяи духти Меҳроб хост,
Дилат пӯяи Соми Найрам куҷост?!»¹
2
Бифармуд, то санҷу ҳиндидарой
Ба майдон дароранд бо карраной,
Або найзаву гурзу тиру камон
Бирафтанд гурдон ҳама шодмон,
Камонҳо гирифтанду тири хаданг,
Нишона ниҳоданд чун рӯзи ҷанг,
Бипечид ҳар кас ба чизе инон
Ба гурзу ба теғу ба тиру синон.
Зи боло ҳамедид шоҳи ҷаҳон
Зи гурдон ҳунар ошкору ниҳон.
Зи Дастони Сом он саворӣ бидид,
Ки на дида буду на аз кас шунид.
Дарахте куҳан буд ба майдони шоҳ,
Гузашта бар ӯ-бар басе солу моҳ,
Пӯя – хоҳиш, ҳавас; пӯянда, ҷӯянда.
Санҷ – сози мусиқӣ, ду табақчаи филизӣ, ки ба ҳам мезананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё